Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд»
Минтақаи озоди иқтисодии "Суғд" (МОИ "Суғд") шакли истеҳсолию инноватсионӣ, соли 2009 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст.
Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” дар қисмати ҷанубу ғарбии шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ҷойгир шудааст. Масоҳати умумии МОИ “Суғд” 320 гектарро ташкил медиҳад. Дар ин қисмати шаҳр дар оянда аз ҳисоби заминҳои холӣ то 2000 гектар васъе намудани ҳудуди МОИ “Суғд” имконият ҳаст.Мавҷудияти инфрасохтори истеҳсолӣ ва коммуникатсионӣ дар ин макон, дар наздик ҷойгир шудани хонаҳои истиқоматии шаҳри Хуҷанд, мавҷудияти кӯпруки нав дар Сир дарё ва дурнамои сохтмони шохаи роҳи оҳан то МОИ “Суғд” боиси ҷойгиршавии минтақаи озоди иқтисодӣ дар ин макон аст.
Ҷойгиршавии ҷуғрофӣ як аз шартҳои асосӣ дар интихоби макони мусоид барои оғози бизнес аст. Барои корхонаҳое, ки маҳсулоташон ба содирот равона мешавад МОИ “Суғд” макони мусоид мебошад. Шабакаи рушдкардаи нақлиётии шаҳри Хуҷанд барои содирот ва тиҷорат бо кишварҳои хориҷии дуру наздик имконияти васеъ эҷод мекунад. Шоҳроҳи байналмилалӣ бевосита аз назди даромадгоҳи асосии МОИ “Суғд” мегузарад.
info@fezsughd.tj
(+992 44) 630-11-90
(+992 44) 630-11-81
www.fezsughd.tj