Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»
Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ”№700 аз 25.03.2011 ва бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон № 1545 аз 20 январи соли 2010 ҳамчун қитъаи алоҳидаи (маҳдуди) Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, дар он барои фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ шароити имтиёзноки иқтисодӣ ва низоми махсуси иқтисодӣ муҳайё карда шудааст.
Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” дар Ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Данғара ҷойгир шудааст. Намуди МОИ “Данғара” саноатӣ – инноватсионӣ буда, ба муҳлати 25 сол (тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ”то 49 сол) дар масоҳати 521,32 гектар ташкил шудааст.
Мақсади асосии таъсиси МОИ «Данғара» ин таъмини иштироки самараноки иқтисодиёти минтақа ва кишвар дар тақсимоти байналмилалии меҳнат, тараққӣ додани ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо кишварҳои хориҷӣ, афзун намудани иқтидори содиротии ҷумҳурӣ, таъмин намудани аҳолии минтақа ва ҷумҳурӣ бо кор, ташкили ҷойҳои иловагии корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва ҳалли дигар масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии минтақа мебошад.
Ҳадафи умумииқтисодӣ – ҷалби сармоягузории ватаниву хориҷӣ ва технологияи муосир, ҷорӣ намудани усулҳои муосири идоракунӣ, истифодаи нерӯи корӣ, захираҳои табиӣ ва афзун намудани иқтидори иқтисодии кишвар мебошад.
Ҷойгиршавии ҷуғрофӣ яке аз шартҳои асосӣ дар интихоби макони мусоид барои оғози бизнес аст. Барои корхонаҳое, ки маҳсулоташон ба содирот равона мешавад, МОИ “Данғара” макони мусоид мебошад. Шабакаи рушдкардаи нақлиётии ноҳия барои содирот ва тиҷорат бо кишварҳои хориҷии дуру наздик имконияти васеъ эҷод мекунад. Шоҳроҳи байналмиллалӣ бевосита аз назди даромадгоҳи асосии МОИ “Данғара” мегузарад.