СЭЗ РТ - Зоны стабильных инвестиций
  • Печать
  • Карта сайта
  • Печать Обратная связь Карта сайта
+992 (37) 223-17-51

Намудҳои фаъолияти афзалиятнок

20-04-2017, 13:39

Намудҳои фаъолияти афзалиятнок дар минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон: - истеҳсоли ресмонҳои дӯзандагӣ, маҳсулоти трикотажӣ, матоъҳои сунъӣ ва синтетикӣ, матоъҳо ва маҳсулоти тайёр аз ресмони шоҳӣ ва пахтагин, матоъҳои тайёр ва маҳсулоти дузандагии пашмӣ, коркарди пӯсти чорвои майда ва калон бо истеҳсоли маҳсулоти тайёри чармин, пойафзол ва галантереяи чармин;

  • рангубор кардани матоъҳо ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр барои соҳаи дӯзандагӣ, истеҳсоли матоъҳои пардаворӣ ва рӯйкаш барои мебелсозӣ, истеҳсоли фарнитураи истифодаи гуногун;
  • истеҳсоли курсии мебел;
  • истеҳсоли рангҳои гуногуни сунъӣ ва синтетикҳ;
  • истеҳсоли крахмал, микроселюллоза, нитроселлюлоза;
  • мошинсозӣ (васлкунӣ ва истеҳсоли автомобилҳо, тракторҳо ва техникаи гуногунтамға барои соҳаи кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо, қисмҳои эҳтиётӣ барои онҳо, таҷҳизот ва техникаю технологияи соҳаи коркард, хизматрасонӣ ва ниёзи мардум, насосҳои обкаш ва дигарҳо);
  • истеҳсоли лӯлаҳои ғайриметаллӣ барои соҳаҳои гуногун;
  • истеҳсоли маҳсулоти электротехникӣ, радиоэлектронӣ ва техникаи соҳаи маишҳ;
  • истеҳсоли нуриҳои минералӣ ва биоиловагиҳо барои соҳаи кишоварзҳ;
  • коркарди сангҳои кӯҳӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва ороишҳ; - истеҳсоли нахҳои шишагӣ, рухомӣ ва маҳсулоти тайёр аз онҳо;
  • истеҳсоли масолеҳи сохтмони замонавӣ (шиша, дару тиреза, хиштҳо ва панелҳои гарминигоҳдорандаи стандарти байналмилалӣ, маҳсулоти ороиши пластикӣ (ба истиснои хишти сохтмонҳ);
  • истеҳсоли маҳсулоти ғаҷҳ;
  • истеҳсоли симҳои электрикии гуногунтамға;
  • истеҳсоли маҳсулот аз коркарди партовҳои маишӣ (бе технологияи коркарди аввалия);
  • истеҳсоли маҳсулоти атторӣ ва маводҳои шустушӯйии кимиёвҳ; - истеҳсоли маҳсулоти фарматсевтӣ ва доруворӣ;
  • истеҳсоли техника ва таҷҳизот барои соҳаи тандурустӣ;
  • истеҳсоли таҷҳизот ва лавозимоти рӯшанидиҳанда;
  • фаъолияти нархгузорӣ, қарздиҳӣ, суғуртакунӣ, консалтингӣ, аудиторӣ, лизингӣ ва сертификатсиякунонҳ;
  • фаъолияти воридотӣ ва содиротӣ;
  • фаъолияти дар самти технологияи иттилоотӣ;
  • фаъолият дар самти тадқиқоти илмию техникӣ, фаъолияти инноватсионӣ, рушди нанотехнология, биотехнология ва дигарҳо.


Как Вы оцениваете развитие СЭЗ в Республике Таджикистан?