Вохурии Вазир - Н. Хикматуллозода бо директории генералии фонди тадқиқотии Кореяи Ҷанубӣ "Сооам Биотех - Ресеарч Фоундейшн" - Доктор Хуан Ву Сук
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохурии Вазир - Н. Хикматуллозода бо директории генералии фонди тадқиқотии Кореяи Ҷанубӣ "Сооам Биотех - Ресеарч Фоундейшн" - Доктор Хуан Ву Сук баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкориҳои иқтисодию-технологӣ, илмию-техникии дуҷониба дар соҳаҳои кишоварзӣ, чорводорӣ ва туризм мубодилаи афкори судманд намуданд. Зикр гардид, ки чорводорӣ дар кишвар ҳамеша нақши муҳим дар соҳаҳои кишоварзӣ, амнияти озуқаворӣ ва таъмин бо гушт ва шир ба аҳоли мебозад. Дар навбати худ, Доктор Хуан Ву Сук иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои потенсиалӣ рушди чорвои нодир мебошад, аз ин лиҳоз, фонди тадқиқотии мазкур барои омузии имкониятҳо дар ин соҳа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкриф оварданд.
Дар охир, тарафҳо ҳамкорӣ ба роҳ мондани рушди самтҳои болозикрро дар минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар изҳор намуданд.