Вохурии Умед Давлатзод бо муҳаррири маҷалаи «Молия ва Тиҷорат»-и Аморати Муттаҳидаи Араб Файсал Абу Мезайд.
24-08-2017, 13:17
23 августи соли 201 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии Муовини Вазир Умед Давлатзод бо муҳаррири маҷалаи «Молия ва Тиҷорат»-и Аморати Муттаҳидаи Араб Файсал Абу Мезайд баргузор гардид.
Дар ҷараёни дидор ҷонибҳо атрофи масъалаҳои сармоягузориҳои афзалиятнок дар минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар ва ғайра мубодилаи афкор намуданд.
Бояд қайд намуд, ки мақсад аз ташрифи гуруҳи эҷодии мазкур, гузаронидани мусоҳибаҳо бо намояндагони мақомоти соҳаҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва дар асоси мусоҳиба таҳия намудани мақолаҳо дар бораи имкониятҳои иқтисодию сармоягузорӣ ва сайёҳии Тоҷикистон ва нашри минбаъдаи онҳо дар маҷаллаи «Молия ва Тиҷорат» мебошад.
Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо азми қавии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкории дуҷониба байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷалаи «Молия ва Тиҷорат»-и Аморати Муттаҳидаи Араб баён доштанд.