Анҷумани байналмилалии иқтисодии «Данғара-2017»
5-10-2017, 11:09
Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ягҷоягӣ бо шарикони рушд ба иттилоатон мерсонад, ки санаи 13 октябри соли 2017 Анҷумани байналмилалии иқтисодии «Данғара-2017» дар шаҳри Данғараи вилояти Хатлон баргузор мегардад.
Мақсад аз баргузории Анҷуман ин муарифии имкониятҳои сармоягузорӣ дар Вилояти Хатлон ва имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар, алахусус минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ба сармоягузорони ватанию хориҷӣ мебошад. Бояд қайд намуд,ки дар Анҷумани мазкур намояндагони вазорату идораҳо, доираи олимон, корпусҳои дипломатӣ, ташкилотҳои хориҷӣ, инчунин беш аз 250 намояндагони доираи соҳибкорони ҶХЧ, Кореяи Ҷануби, Афғонистон, Узбекистон, Кирғизистон ва ғайра иштирок мекунанд.