Бақайдгирии субъекти нав дар МОИ «Ишкошим»
19-02-2018, 17:05
Санаи 12.02.2018с. дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Комиссияи баррасии бизнес нақшаҳо як ширакти нав ҳамчун субъекти минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ба қайд гирифта шуд.
Самти фаъолияти ширкат амалиётҳои содиротию воридотии масолеҳи сохтмонӣ мебошад. Бояд қайд намуд, ки маҳсолеҳи сохтмонӣ аз Ҷумҳурии Халқии Хитой воридот карда мешаванд. Ширкати мазкур дар оянда низ маҳсулоти воридотиро дар ҳудуди МОИ ба роҳ мемонад.