Сафари корӣ ба минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Белоруссия
Ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарони минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ аз 18 то 24 июни соли равон ба шаҳри Мински Ҷумҳурии Белоруссия сафари корӣ анҷом дода аз рафти фаъолият ва рушди минтақаҳои озоди иқтисодии он шинос шуданд.
Дар доираи сафари корӣ Маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодии «Панҷ» ва «Ишкошим» бо Маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодии «Могилев» ва «Гродноинвест» ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расониданд. Ҳамзамон, ҷониби Ҷумҳурии Белоруссия бо ҳайати сармоягузорон ҷиҳати шиносоии бештар пайдо намудан аз фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ ва иштирок намудан дар Анҷумани байналмилалии иқтисодӣ, ки баргузории он моҳи октябри соли равон ба нақша гирифта шудааст изҳор намуданд.
Инчунин, ҷонибҳо ҷиҳати пурзур намудани муносибатҳои дуҷониба оид ба ҷалби сармоя ва ташкили корхонаҳои муштарак ба мувофиқа омаданд.