СЭЗ РТ - Зоны стабильных инвестиций
  • Печать
  • Карта сайта
  • Печать Обратная связь Карта сайта
+992 (37) 223-17-51

Соҳибкорони ватанӣ аз МОИ “Суғд” дидан карданд

10-09-2018, 13:05

Санаи 9 сентябри соли ҷорӣ, гурӯҳи соҳибкорони ватанӣ, ки дар хориҷа, махсусан дар Федератсияи Россия ва Қазоқистон фаъолият мебаранд ба МОИ “Суғд” ташриф оварданд.

Дар рафти ташриф меҳмонон аз фаъолияти субъектҳои минтақа – "Арча" ва "Арча мебел" шинос шуданд, ки дар рафти шиносоӣ ба онҳо оиди афзалиятҳо ва имтиёзҳои муфиди фаъолиятбарӣ дар МОИ маълумот дода шуд.

Бояд қайд кард, ки санаҳои 5 то 9 сентябр Анҷумани соҳибкорони бурунмарзии кишвар, ки дар он зиёда аз 70 нафар соҳибкорони тоҷик иштирок намуданд, баргузор гардид.

Анҷуман ба хотири 27-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои муаррифии иқтидори сармоягузории қаламрави кишвар гузаронида шуд.

 


Как Вы оцениваете развитие СЭЗ в Республике Таджикистан?