СЭЗ РТ - Зоны стабильных инвестиций
  • Печать
  • Карта сайта
  • Печать Обратная связь Карта сайта
+992 (37) 223-17-51

Сафари кории ҳайати сармоягузорони Ҷумҳурии Корея ба минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»

18-07-2019, 10:31

15 июли соли 2019 ҳайати сармоягузорони Ҷумҳурии Корея бо мақсади шиносои аз рафти фаъолияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» сафари корӣ анҷом доданд.

Дар доираи сафари корӣ ҳайати сармоягузорони Ҷумҳурии Корея аз рафти фаъолияти субъектҳои минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ҶДММ «Ғаюр – Саноат» (истеҳсоли рангҳо ва андоваҳои декоративӣ) ва ҶДММ «Ауфен» (самти фаъолияташ истеҳсоли металлоконструксия) шинос шуданд.

Ҳамзамон, ҷиҳати муаррифии минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ба ҳайати сармоягузорони Ҷумҳурии Корея аз ҷониби Маъмурияти минтақа рунамо дар мавзӯи «Имкониятҳои сармоягузорӣ дар минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»» манзур карда шуд.

 


Как Вы оцениваете развитие СЭЗ в Республике Таджикистан?