Тренинг барои намояндагони СЭЗ "Ишкошим"
7 августи соли 2019 дар истироҳатгоҳи Гармчашмаи ноҳияи Ишкошим аз ҷониби намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо дастгирии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон тренинг дар мавзӯи "МОИ ва ҷалби сармоягузорӣ" гузаронида шуд.
Чорабинии мазкур барои кормандони Маъмурияти МОИ "Ишкошим", мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим ва доираҳои соҳибкорӣ ташкил карда шуд.
Дар рафти тренинг, масъалаҳои имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ муҳокима карда шуданд, аз ҷумла "Сармоягузорӣ ва кӯмаки беруна, фарқи сармоягузорон аз донорҳо", "Моҳият ва намудҳои МОИ", "Чи гунна МОИ-ро рушд намудан" ва "Механизмҳои пешбурди МОИ дар Интернет". Пас аз ба итмом расидани тренинг аз ҷониби иштирокчиен вазифаҳои амалӣ иҷро карда шуданд, ки андешаҳои иштирокчиен гувоҳи аз самаранокии тренинги гузаронидашуда дод.
Бояд қайд кард, ки аз ҷониби Вазорат гузаронидани чунин тренингҳо то имрӯз идома дорад ва тренингҳои мазкур барои баланд бардоштани малакаи кормандони МОИ барои дарки мафҳумҳои моҳияти ташкили МОИ ва ҷалби сармоягузорӣ мусоидат мекунанд.