СЭЗ РТ - Зоны стабильных инвестиций
  • Печать
  • Карта сайта
  • Печать Обратная связь Карта сайта
+992 (37) 223-17-51

Фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

20-01-2020, 17:38

То имрӯз дар минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ ҳамагӣ 75 ширкатҳои ватанию хориҷӣ ҳамчун субъект ба қайд гирифта шудааст.

 

Айни замон, дар минтақаҳои озоди иқтисоди кишвар ҳамагӣ 1072 корманд кору фаолият мекунанд. Аз шумораи умумии кормандон 407 нафари онҳо ба МОИ «Данғара», 599 нафар ба МОИ «Суғд», 52 нафар ба МОИ «Панҷ» ва 14 нафар ба МОИ «Ишкошим» рост меояд.

 

Вобаста ба истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар минтақаҳо бояд иброз дошт, ки дар соли 2019 ба маблағи 200,83 млн.сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, дар МОИ «Суғд» 163,2 млн. сомонӣ, МОИ «Данғара» 36,8 млн. сомонӣ, МОИ «Панҷ» 0,8 млн. сомонӣ ва МОИ «Ишкошим» 0,03 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст. Аз оғози фаоълияти минтақаҳои озоди иқисодӣ дар маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ, хизматрасонӣ ва амалиётҳои воридоту содироти ба маблағӣ 711,7 млн.сомонӣ баробар гардид.

 

Ҳаҷми сармоягузории мустақим дар минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар дар соли 2019 ба 146,5 млн. сомонӣ баробар гардид. Саҳми асосии сармоягузориҳои азхудшуда ба минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд» 9,5 млн. сомонӣ ва «Данғара» 129,2 млн. сомонӣ рост меояд.

 


Как Вы оцениваете развитие СЭЗ в Республике Таджикистан?