Ташрифи сармоягузорони Британияи Кабир ба МОИ “Кӯлоб”
Бо мақсади аз наздик шинос шудан бо имкониятҳои сармоягузорӣ ва дар ин замина бо ҷалби сармоягузорониБританиёи Кабир бунёд намудани корхонаҳои нави саноатӣ дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” сафари кориисармоягузорони Британияи Кабир таҳти роҳбарии аъзои раёсати Анҷумани дӯстии Британия ва Тоҷикистон муҳтарам Сайҷалол Бадахшонӣва ҳайати роҳбарикунандаи ҶДММ “Заррин” ба Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” анҷом дода шуд.
Зимнан меҳмононро Роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” Абдуллозода Мустафо Рустам ҳамроҳи намуда, дар ин раванд ба онҳо имконият ва шароит фароҳам оварда шуд, ки аз ҳудуди ҷойгиршавии Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб”, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати 309 га таъсиси дода шудааст, аз наздик шинос гарданд.
Ҳамзамон, дар доираи сафар меҳмонон ҷиҳати шиносоӣ бо имкониятҳои инфрасохторӣ ва коммуникатсионӣ аз фурудгоҳи байналмилалӣ, роҳи оҳан ва дигар мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳри Кӯлоб боздид ба амал оварданд.Инчунин, ба сармоягузорон оид ба таъсиси Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб”, имкониятҳои мавҷуда, мавқеи ҷуғрофӣ, инфрасохтор, имтиёзҳои андозию гумрукӣ, самтҳои афзалиятнок, тартиби бақайдгирии субъектҳо, тартиби сармоягузорӣ, иҷора ва муҳлатҳои он маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳадафи асосии ташрифи сармоягузорон ин ҷалби сармояи мустақими Британияи Кабир ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан шаҳри Кӯлоб дар самти бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, ки аз ҳадафи чоруми миллӣ, яъне саноатикунонии босуръати кишвар сарчашма мегирад, маҳсуб меёбад.Баъди боздид аз Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” меҳмонон бо раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Вализода Абдуқодир Исуф вохурии судманд анҷом дода, паҳлуҳои гуногунҷабҳаи ҳакориҳоро мавриди таҳлилу баррасӣқарор доданд.
Зимнан Роҳбарияти шаҳр ҳавасмандии худро дар самти ҷалби сармояи БританияиКабир ба иқтисодиёти шаҳри Кӯлоб иброз намуда, таъкиднамуданд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб барои ҳамкориҳои судманд босармоягузорони дохилию хориҷӣҳамеша омода буда, барои таъсиси силсилакорхонаҳои нави саноатӣ, бахусус бо истифодаимтиёзҳои андозию гумрукии Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб тамоми шароити мусоидрофароҳам меоварад.