Ташрифи Роҳбари намояндагии Бонки Авруосиёи рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Садихов Паша Мамедович ва Фонди Авруосиёи стабилизатсионӣ ва рушд Назриев Масрур Ҷурабекович ба Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб"
Дар доираи вохӯрии мазкур оид ба масъалаҳои марбута вобаста ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар самти бунёди корхонаҳои нави саноатӣ дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” бо истифода аз имтиёзҳои андозию гумрукии мавҷудамавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Инчунин, дар ин раванд тарафҳо масъалаҳои вобаста баҷалбимаблағҳои грантии Фонди Авруосиёии стабилизатсионӣ ва рушдробарои бунёдиинфрасохтори аввалиндараҷаи (барқ, об, ташноб, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ) минтақаиозоди иқтисодии “Кӯлоб” мавриди муҳокима қарордода, барои бартараф намудани мушкилоти ҷой доштадар ин самт изҳори ҳавасмандӣзоҳир карда шуд.Ҳамзамон,дар доираи сафаримазкур вохурии меҳмонон бои.в.раиси шаҳри Кӯлоб - ВализодаАбдуқодир Исуф баргузор гардида, дар онлоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории шаҳри Кӯлоб, ки аз ҷониби Кумитаи давлатиисармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Вазорати саноат ва технологияҳои навба намояндагии Бонки Авруосиёгии Рушд пешниҳод гардидааст, мавриди баррасӣ вамуҳокима қарор дода шуд.
Дар ин раванд имконият ва роҳҳои татбиқи амалии лоиҳаҳои сармоягузорӣ оид ба бунёди корхонаҳои истеҳсоли лампаҳои каммасрафи светодиодӣ ва дигар асбобҳои барқӣ, аккумулятор, лифт, шиша, равғани растанӣ, коркарди меваю сабзавот, коркарди нахи пахта, пӯст, пашм ва истеҳсоли пойяфзол ва дигар корхонаҳои саноатӣ бо истифодаи ашёи хоми маҳаллӣбо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ мавриди таҳлил қарор дода шуд.
Инчунин бо истифода аз таҷрибаи дигар бонкҳои сармоягузорӣ ҷиҳати ҷалби маблағҳои грантию қарзӣ барои татбиқи амалии лоиҳаҳои сармоягузории афзалиятноки шаҳри Кӯлоб, аз ҷумла лоиҳаҳои «Таҷдид ва муҷаҳҳазгардонии фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» (бо маблағи 5 млн. доллари ИМА), лоиҳаи «Таъмини аҳолӣ бо нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ, аз ҷумла 20 автобуси калон, 40 микроавтобуси замонавӣ ва ба кор даровардани парки мошинҳои замонавии шаҳр» (3 млн. доллари ИМА) изҳори ҳавасмандӣ зоҳир карда шуд.
Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоббо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ, намояндагони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Бонки Авруосиёгии Рушд ва Фонди Авруосиёии стабилизатсионӣ ва рушд ва Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб”ҷаласаи корӣ ташкил намуда, дар он масъалаҳои ҷалби сармоягузориҳо ба татбиқиамалии лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории шаҳри Кӯлоб, бахусус лоиҳаҳои ба“Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020-2025” воридгардидамавриди баррасӣва муҳокимаи ҳамаҷониба қарор дода шавад.
Вохӯриҳо дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум ба анҷом расид.