Ифтитоҳи 4 корхонаи нав дар Минтақаи озоди иқтисодии "Данғара"
Ифтитоҳи 4 корхонаи нав дар Минтақаи озоди иқтисодии "Данғара"
14 апрели соли 2021 дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Раҳмон Асадулло, Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин ба фаъолияти 4 корхонаи истеҳсолӣ: ҶДММ «Ғаюрсаноат», ҶДММ «Ауфен», ҶДММ «Тоҷпласт-1» ва ҶДММ «Шенси» ифтитоҳ бахшида шуд.
ҶДММ «Ғаюрсаноат» бо сармоягузориҳои ватанӣ дар ҳаҷми 26 млн.сомонӣ бо таъсиси 30 ҷойи кории доимӣ сохта ба истифода дода шудааст. Иқтидори истеҳсолии корхона ба 13,5 ҳазор тонна маҳсулот баробар мебошад. Аз ҷумла дар як шабонарӯз 25 тонна ранги эмулсионӣ, 10 тонна ранги синтетикӣ, 5 тонна таҳранг, 10 тонна андоваҳои декоративӣ, 20 тонна калсид, 1000 дона қуттии оҳанин ва 600 дона сатилҳои пластикӣ дар як шабонарӯ зистеҳсол карда мешавад.
Корхонаи истеҳсолии ҶДММ «Ауфен» оид ба коркарди металл ва истеҳсоли конструксияҳои металлӣ дар масоҳати 4 га қитъаи замини МОИ “Данғара” бо сармоягузориҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой дар ҳаҷми 15 млн. доллар ташкил карда шудааст. Ҳаҷми истеҳсолоти солонаи корхона тибқи бизнес-нақша коркарди 120 000 тонна металлро ташкил дода, дар он таъсиси 82 ҷойҳои корӣ ва дар оянда барои 200 нафар пешбинӣ гардидааст.
Ширкати осиёмиёнагии саноати ангишту кимиё ва сохтмониву сармоягузории Шенси аз ҷониби сармоягузорони Ҷумҳурии Халқии Хитой бо ҷалби 22,8 млн. доллар сохта ба истифода дода шудааст. Самти фаъолияти он ба бунёди зеристгоҳи барқии 220/35/10 кВ, ду хати интиқоли барқи 220 кВ аз зеристгоҳи барқии Шар-Шар ва НБО Сангтуда -1 ва таъмини корхонаҳои истеҳсолии минтақаи озоди иқтисодӣ ва ноҳияи Данғара нигаронида шудааст.
Корхонаи истеҳсолии ҶДММ “Тоҷпласт-1” оид ба истеҳсоли қубурҳои полиэтинелӣ дар масоҳати 1 га қитъаи замин бо ҷалби 12,4 млн.сомонӣ