СЭЗ РТ - Зоны стабильных инвестиций
  • Печать
  • Карта сайта
  • Печать Обратная связь Карта сайта
+992 (37) 223-17-51

Ҷаласаи навбатии Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

15-04-2022, 14:15

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 15 апрели соли 2022 дар минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” ҷаласаи навбатии Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои марбута таҳти раёсати Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - Раиси Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Давлаталӣ Саид баргузор гардид.

Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - Раиси Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаро ифтитоҳ намуданд.

Сипас аз ҷониби Котиби масъули Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ - муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо роҷеъ ба вазъи иҷроиши супоришҳои протоколӣ маълумоти мухтасар манзур карда шуд.

Инчунин, роҳбарони минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар низ вобаста ба корҳои анҷомдодаашон дар соли 2021 ва семоҳаи якуми соли 2022 ҳисоботи муфассал пешниҳод намуданд.

Дар интиҳои ҷаласа аз ҷониби Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - Раиси Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулин ҷиҳати рафъи камбудиҳои ҷойдошта ва фаъолияти босамари минбаъда дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Вобаста ба ин масъалаҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.  


Как Вы оцениваете развитие СЭЗ в Республике Таджикистан?