СЭЗ РТ - Зоны стабильных инвестиций
  • Печать
  • Карта сайта
  • Печать Обратная связь Карта сайта
+992 (37) 223-17-51

Боздиди ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рафти фаъолияти минтақаи озоди иқтисодии "Термез"-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон

18-05-2022, 15:21
      

Бо мақсади мубодилаи таҷриба ва тақвияти ҳамкориҳои минбаъда байни минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон санаи 18-уми майи соли 2022 намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” аз минтақаи озоди иқтисодиии “Термез”-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон боздид намуданд,

Дар доираи барномаи сафари ҳайати мазкур ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон имконият фароҳам гардид, ки аз рафти фаъолияти минтақаи озоди иқтисодии “Термиз” аз ҷумла, амалисозии лоиҳаҳои Маркази байналмилалии тиҷоратии “Термиз” ва Маркази байналмилалии логистикии “Термиз Корго Сентр” шинос шаванд. Ҳамзамон, аз рафти фаъолияти субъектҳои минтақаи мазкур корхонаҳои истеҳсолии либосҳои гуногун ҶСК “ZIF Textile” ва ҶДММ “Инденим Текстил”, ҶДММ “Сурхон Голд Флоу” (самти фаъолияташ истеҳсоли орд) ва ҶДММ “Ceramic Industries” (истеҳсоли кошин (кафель)) низ аз наздик шинос шуданд.

 Дар доираи сафар ҷонибҳо омодагии худро барои  бозҳам густариш додани ҳамкориҳои муттақобилан судманд байён намуданд
@undp.in.tajikistan
 
   
 




Как Вы оцениваете развитие СЭЗ в Республике Таджикистан?