СЭЗ РТ - Зоны стабильных инвестиций
  • Печать
  • Карта сайта
  • Печать Обратная связь Карта сайта
+992 (37) 223-17-51

Боздиди ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рафти фаъолияти минтақаи озоди иқтисодии «Ғиждувон»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон

1-06-2022, 11:39

  Бо мақсади мубодилаи таҷриба ва тақвияти ҳамкориҳои минбаъда байни минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон санаи 19-уми майи соли 2022 намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» аз минтақаи озоди иқтисодиии «Ғиждувон»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон боздид намуданд.

Дар доираи сафари ҳайати мазкур вохӯри бо Роҳбари Дирексияи минтақаи озоди иқтисодии «Ғиждувон» Казаков Отабек Нодирович сурат гирифта, зимни вохӯри оид ба фаъолияти минтақаи мазкур, корхонаҳои саноатӣ, имтиёзҳои мавҷуда ва ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ дар шакли рӯнамо (презентатсия) маълумоти мушаххас пешниҳод карда шуд.

Дар ин раванд иттилоъ дода шуд, ки минтақаи озоди иқтисодии «Ғиждувон» соли 2017 дар майдони 467,5 гектар таъсис дода шуда, айни ҳол 34 корхона фаъолият дошта, 41 лоиҳаи дигар барои татбиқ таҳия гардида истодааст.

Сафари намояндагони МОИ «Кӯлоб»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба минтақаи озоди иқтисодии «Ғиждувон»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар доираи Ёддошти тафоҳуми байни минтақаҳои мазкур сурат гирифта, барои рушди муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон ва тақвияти робитаҳои мутақобилан судманд байни минтақаҳои озоди иқтисодӣ равона гардидааст.

Боиси қайд аст, ки сафари мазкур бо дастгирии лоиҳаи Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон «Таҳкими ҷомеаҳо дар вилояти Хатлон ва водии Рашти Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз ҷониби Ҳукумати Федератсияи Россия маблағгузорӣ шудааст, сурат гирифтааст. 


     

 


Как Вы оцениваете развитие СЭЗ в Республике Таджикистан?