Боздиди ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рафти фаъолияти минтақаи озоди иқтисодии «Ҷиззах»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Бо мақсади мубодилаи таҷриба ва тақвияти ҳамкориҳои минбаъда байни минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон санаи 20-уми майи соли 2022 намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» аз минтақаи озоди иқтисодиии «Ҷиззах»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон Сайидов Зиядин Ҳамидович боздид намуданд.
Дар доираи барномаи сафари ҳайати мазкур ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон вохӯри бо Роҳбари Дирексияи минтақаи озоди иқтисодии “Ҷиззах” Сайидов Зиядин Ҳамидович сурат гирифта, зимни он оид ба фаъолияти минтақаи мазкур, корхонаҳои саноатӣ, имтиёзҳои мавҷуда ва ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ маълумоти мушаххас пешниҳод карда шуд.
Дар ин раванд иттилоъ дода шуд, ки минтақаи озоди иқтисодии “Ҷиззах” соли 2013 дар майдони 393 гектар таъсис дода шуда, дар он 36 корхона ташкил гардида, 22 корхонаи он фаъол буда, дар дигар корхонаҳо корҳо бо маром идома дорад.
Инчунин, дар доираи сафари корӣ ба ҳайати кормандон имконият ва шароит фароҳам оварда шуд, ки аз фаъолияти минтақаи озоди иқтисодии “Ҷиззах”, аз ҷумла корхонаҳои саноатии “Мастер Маҳсулоти Сохтмонӣ” оид ба истеҳсоли маҳсулоти гунонуни сохтмонӣ, аз ҷумла мех ва мехҳои печон, масолеҳи сантехникӣ (“Vero Групп”), резинаҳои барои воситаҳои нақлиёт (колодки) (СП ООО «Auto Pad Systems»), қубурҳои гуногунҳаҷм ва маҳсулоти челонгарӣ (СП ООО «Master Building Products»), дару тирезаҳои пластикӣ, корхонаи истеҳсоли шиша (ИП ООО «Mingyuan Silu Industry») (бо сармоягузорӣ дар марҳилаи якум 110 млн. доллар ва дар марҳилаи дуюм 50 млн. доллар) ва “ADM Ҷиззах”оид ба васли автомобилҳо тамғаи Kia, Lada ва Renault (бо иқтидори солонаи 7000 мошин) шинос шаванд.
Зимни шиносоӣ Роҳбари маъмурияти МОИ “Кӯлоб” Абдуллозода Мустафо Рустам бо Директори корхонаи “Vero Групп” (сармоягузорӣ ҷумҳурии Туркия) Osman Bozkurt вохурӣ анҷом дода шуда, онҳоро барои омӯзиши имкониятҳои сармоягузорӣ дар МОИ “Кӯлоб” даъват намуданд, ки он бо хушнудӣ пазируфта шуд.
Ҳамзамон, дар раванди сафари корӣ ба Роҳбари Дирексияи минтақаи озоди иқтисодии “Ҷиззах” Сайидов Зиядин Ҳамидович маводҳои иттилоотии лозима оид ба имкониятҳои сармоягузорӣ дар минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” барои ҷалби сармоягузорони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба минтақаи мазкур пешниҳод гардида, барои боздид намудан аз минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” ва аз наздик шинос шудан бо имкониятҳои сармоягузорӣ дар он даъват ба амал оварда шуд.
Сафари намояндагони вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Маъмурияти МОИ «Кӯлоб»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба минтақаи озоди иқтисодии «Ҷиззах»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар доираи Ёддошти тафоҳуми байни минтақаҳои мазкур сурат гирифта, барои рушди муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон ва тақвияти робитаҳои мутақобилан судманд байни минтақаҳои озоди иқтисодӣ равона гардидааст.
Боиси қайд аст, ки сафари мазкур бо дастгирии лоиҳаи Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон «Таҳкими ҷомеаҳо дар вилояти Хатлон ва водии Рашти Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз ҷониби Ҳукумати Федератсияи Россия маблағгузорӣ шудааст, сурат гирифтааст.