СЭЗ РТ - Зоны стабильных инвестиций
  • Печать
  • Карта сайта
  • Печать Обратная связь Карта сайта
+992 (37) 223-17-51

Дар доираи Форуми сармоягузории Тоҷикистону Россия панели №5 "Имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияи иттилоотӣ" баргузор карда шуд.

15-09-2022, 17:32

Рӯзи 15 сентябри соли 2022 дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи Форуми сармоягузории Тоҷикистону Россия таҳти роҳбарии Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон – Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ Панели №5 “Имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияи иттилоотӣ” баргузор карда шуд.


Дар панели мазкур беш аз 100 иштирокчӣ, аз ҷумла соҳибкорону сармоягузорон, роҳбарону намояндагони ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидории Тоҷикистону Россия дар соҳаҳои рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ, алоқа, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, саноат ва энергетика, хизматрасониҳои бонкӣ ва молиявӣ иштирок намуданд.


Дар доираи ҷаласаи пленарӣ ба иштирокчиён фазо ва имконият барои муҳокима дар мавзуҳои “Имкониятҳои сармоягузорӣ ва дурнамои рақамикунонии равандҳои тиҷорат дар МОИ Тоҷикистон”, “Бозори Русия пас аз таҳримҳо”, “Рақамикунонии хадамоти давлатӣ: лоиҳаи ислоҳоти системаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ”, “Қарорҳои инноватсионӣ барои инфрасохтори интеллектуалӣ”, “Ҷорӣ намудан ва таъсиси бонки аз ҷиҳати технологӣ пешрафтатарин дар Осиёи Марказӣ”, “Ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ дар соҳаи телекоммуникатсия” ва “Системаи автоматии “Мониторинги минтақавии акушерӣ” фароҳам оварда шуд.

Ҳамзамон, дар доираи ҷаласаи пленарии мазкур байни субъектони бахши давлатию хусусии ду давлат, Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Осминожка” Федератсияи Россия санади нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.


Иштирокчиёни ҷаласаи Панели №5 “Имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияи иттилоотӣ” ба баргузории чорабинии мазкур баҳои баланд дода, ба ифоқа расиданд, ки минбаъд низ чунин ҳамоишҳои соҳибкорон мунтазам баргузор карда шавад.



Как Вы оцениваете развитие СЭЗ в Республике Таджикистан?