СЭЗ РТ - Зоны стабильных инвестиций
  • Печать
  • Карта сайта
  • Печать Обратная связь Карта сайта
+992 (37) 223-17-51

Бақайдгирии ду субъекти нав дар МОИ «Панҷ»

29-05-2017, 10:14

Санаи 26.05.2017с. дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Комиссияи баррасии бизнес нақшаҳо ду ширакти нав ҳамчун субъекти минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» ба қайд гирифта шуданд.

Самти фаъолияти яке аз ин ширкатҳо ин содироти ангишт ва семент, тиҷорати хариду фуруши маҳсулоти сохтмонӣ мебошад, корхонаи дуюм дилери ширкати УАЗ-и Федератсияи Россия буда, фаъолияти он аз хариду фуруши нақлиёти автомобилҳо иборат мебошад. Бозори фуруши маҳсулотҳо - Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Покистон мебошад.

Бояд зикр кард, ки МОИ «Панҷ» намуди комплексӣ буда, дар вилояти Хатлони ноҳияи Ҷайҳуни Панҷи Поён дар масоҳати 400 гектар сохта шуда бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамсарҳад мебошад. То ба имрӯз дар минтақаи озоди иқтисодии Панҷ ҳамагӣ 14 субъект ба қайд гирифта шудааст.


 


Как Вы оцениваете развитие СЭЗ в Республике Таджикистан?