СЭЗ РТ - Зоны стабильных инвестиций
  • Печать
  • Карта сайта
  • Печать Обратная связь Карта сайта
+992 (37) 223-17-51

Сафари кории Муовини якуми Сарвазир Давлаталӣ Саид ба МОИ «Данғара»

1-06-2017, 09:06

Санаи 27.05.2017с. дар ҷараёни сафари корӣ дар МОИ "Данғара" Муовини якуми Сарвазир - Раиси Шӯрои нозирон оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ – Давлаталӣ Саид бо рафти корҳои омодагии ифтитоҳи ду субъекти азим ҶДММ "ТК-Ойл" (коркарди нафт) ва ҶДММ "Дупек" (истеҳсоли металлоконструксия) шинос шуд. Зимни сафари корӣ бо намояндагони ширкатҳои мазкур ва маъмурияти МОИ вохӯрии кори доир намуд, ки дар он масъалаҳои ҷорӣ ва мушкилотҳои фаъолияти онҳо муҳокима карда шуданд. Дар охир, аз ҷониби Раиси Шӯро ба Маъмурияти МОИ ва намояндагони ширкатҳои болозикр супоришҳои мушаххас барои бартараф намудани камбудиҳои мубрам дода шуд. Ҳамзамон, дар ин сафари корӣ вазири рушди иқтисод ва савдо муҳтарам Н. Ҳикматуллозода ва муовини вазир Умед Давлатзод низ иштирок доштанд.

Бояд қайд кард, ки МОИ «Данғара» навъи истеҳсоли ва инноватсия буда дар ҳудуди ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бо масоҳати замини умумии 521,32 гектар бунёд ёфтааст.

     


Как Вы оцениваете развитие СЭЗ в Республике Таджикистан?