Ҷаласаи Ҳайати мушовара вобаста ба масъалаҳои рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ
6-06-2017, 14:22
31 майи соли 2017 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти раёсати Вазир Неъматулло Ҳикматуллозода ҷаласаи навбатии Ҳайати мушовараи вазорат вобаста ба масъалаҳои рушди минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар баргузор гардид. Дар рафти ҷаласа ҳисоботи фаъолияти нимсолаи роҳбарони маъмуриятҳои МОИ шунида шуд.
Аз ҷумла таъкид гардид, ки айни замон дар минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ 65 субъект бақайдгирифта шуда ҳаҷми сармоягузории мустақими хориҷӣ дар 6 моҳи соли 2017 зиёда аз 18,6 млн. сомониро ташкил дод.
Дар охир, ба роҳбарони маъмуриятҳои МОИ ҷиҳати мақсаднок истифода бурдани маблағҳои аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҷудогардида, пардохти қарзҳои дебиторӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва бақайдгирии субъектҳои нав супоришҳои дахлдор дода шуд.