Ба имзо расидани санади ҳамкории МОИ «Данғара» ва «Суғд» бо Маркази сохтори саноатии шаҳри Маскав
Санаи 20-уми июни соли ҷорӣ, дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо чорабинӣ оид ба рушди инфрасохтор барои татбиқи лоиҳаҳои баланди технологӣ баргузор гардид.
Дар анҷоми ҷорабинӣ, як қатор созишномаҳо байни Маъмуриятҳои МОИ «Суғд», «Данғара» ва Маркази дигаргунсозии сохтори саноати шаҳри Маскав ба имзо расид. Мақсади асосии бастани шартнома - фаъолияти якҷояи тарафҳо оид ба татбиқи сиёсати инноватсионӣ, аз ҷумла ташкили инфрасохтор барои татбиқи лоиҳаҳои баланди технологӣ мебошад.
Бояд қайд кард, ки Маркази дигаргунсозии сохтори саноати шаҳри Маскав соли 1994 аз тарафи Департаменти илм, сиёсати саноат ва соҳибкории шаҳри Маскав таъсис дода шудааст. Аз соли 2016 ҳадафи асосии марказ мусоидат ба рушди паркҳои технологии шаҳри Маскав, робитаҳои иқтисодии хориҷии онҳо бо шарикони хориҷӣ, инчунин баромади корхонаҳои Маскав ба бозорҳои ҷаҳонӣ мебошад.