Хизматрасониҳои Маъмурият
20-04-2017, 13:52
Маъмурияти МОИ дар ҳар марҳилаи амалисозии лоиҳаи субъектҳо кӯмаки худро мерасонад.
Маъмурият дар доираи ваколатҳои худ дар асоси Низомномаи МОИ чунин хизматрасониҳоро барои субъектҳо пешниҳод менамояд:
- ҳимояи манфиатҳои субъектҳои МОИ;
- фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалб намудани сармоягузориҳои ватанию хориҷӣ ва дигар намуди захираҳо;
- пешниҳоди замин барои иҷора ба субъектҳои МОИ, инчунин дигар иншооти МОИ;
- ташкили маркази иттилоотӣ, бизнес-инкубаторҳо, анборҳо, биноҳои маъмурӣ, иншооти истеҳсолӣ ва дигар сохторҳои зарурӣ барои таъмини фаъолияти пурсамар ва рушди МОИ;
- ҳамоҳангсозии корҳои ташкилотҳои илмӣ, лоиҳавӣ, саноатӣ, сохтмонӣ ва дигар муассисаҳои ватанӣ ва хориҷие, ки барои ташкил ва таъмини фаъолияти МОИ ҷалб мешаванд;
- баррасии бизнес-нақшаҳо ва лоиҳаҳои сармоягузории довталабон;
- ба довталабон додани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҷойгиршавӣ ва нишонии ҳуқуқӣ дар МОИ;
- танзими робитаҳои МОИ бо бозори байналмилалӣ;
- ташкили омӯзиш, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо барои МОИ, иштирок дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ташаккули кадрҳо, шуғл, сиёсати ҷавонон ва муҳоҷират дар минтақа;
- ташкили конфронсҳо, машваратҳо, семинарҳо ва ғайра;
- додани сертификатҳо ба субъектҳои МОИ;
- таъмини азхудкунии маблағҳо дар лоиҳаҳое, ки моҳияти умумиминтақавӣ доранд;
- хизматрасонӣ дар гирифтан ва ба расмият даровардани раводиди даромад ва баромад, ки дар мувофиқа бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегарданд.